ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Маскав амалиёти Туркияро дар хоки Сурия беасос мешуморад ва аз Анкара даъват мекунад, масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунад.
Дар ин бора намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия Александр Лаврентиев хабар дод.
"Ин бахусус дар партави нақшаҳои эълонкардаи раисҷумҳури Туркия дар бораи баргузории амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия алайҳи созмонҳои курдӣ муҳим аст. Мо бовар дорем, ки ин як иқдоми ғайриоддӣ хоҳад буд, ки метавонад боиси ноором шудани вазъ ва ташдиди ташаннуҷ шавад", - изҳор дошт Лаврентиев дар суҳбат бо РИА "Новости".
Ба гуфтаи намояндаи вижа, Русия қасд дорад, аз Туркия даъват намояд, ки масъаларо бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад.
"Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар ин замина ҳамаҷониба кумак расонем", - таъкид кард вай.
Лаврентиев ҳамчунин қайд кард, ки дар партави амалиёти эҳтимолӣ, музокирот дар Нур-Султон ба нақша гирифта шудааст, ки масъалаи гурезаҳо баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 июн дар пойтахти Қазоқистон музокироти сатҳи баланди кишварҳои кафил: Русия, Туркия, Эрон оид ба ҳалли масъалаи Сурия бо иштироки намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия ва инчунин СММ ҷараён мегирад.