Ду ширкати ҳавопаймоӣ иҷозаи парвоз аз Перм ба Тоҷикистонро дархост кардаанд

Ширкатҳои ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ва "Азур Эйр" қасд доранд аз Перм ба ду шаҳри бузурги Тоҷикистон парвозҳо анҷом диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ду ширкати ҳавопаймоӣ бо мақомоти Перм дар мавриди боз кардани парвозҳои мустақим ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро баррасӣ доранд.
Ҳамин тариқ, дар ҷадвали фурудгоҳи "Болшое Савино" шояд парвозҳои нав ба Тоҷикистон пайдо шаванд.
Дархостҳо аз сӯйи ду ширкати ҳавопаймоӣ, ки яке "Уралские авиалинии" ва дигари "Азур Эйр" мебошад, пешниҳод шудааст.
Тавре аз маводи ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба қабули ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамлу нақли ҳаво бармеояд, ширкати "Уралские авиалинии" нақша дорад, ки ҳафтае ду маротиба парвозҳоро дар хатсайри Перм-Душанбе анҷом диҳад.
Ширкати ҳавопаймоии "Азур Эйр" қасд дорад дар масири Перм-Хуҷанд низ ҳафтае ду маротиба парвоз кунад.
Ҳамчунин ба роҳ мондани парвозҳои мустақим аз Перм ба пойтахтҳои Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Раҳмон аз ташкили хатсайрҳои нави парвоз бо нархи дастрас ва ҷалби сайёҳон гуфт
Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкати "Nordwind Airlines" барномаи парвоз аз Перм ба Душанберо эълон кард.
Ин ширкат хабар дод, ки парвоз ба Тоҷикистон рӯзҳои шанбе анҷом меёбад, вале дар вебсайти фурудгоҳи Перм он ҳамон ҷадвали дақиқи парвоз вуҷуд надошт.