Тоҷикистон аз пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё - ИИАО ба имкониятҳои ҷадид даст хоҳад ёфт.
Ин нуктаро профессори Мактаби олии иқтисод, мудири Пажуҳишгоҳи сиёсати тиҷоратӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Александр Данилтсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ӯ зикр намуд, тасмими пайвастшавии кишвар ба ин ё он созмону иттиҳод салоҳияти истисноии ҳукумати он мебошад. Дар ин зимн аз бартарияту имкониятҳое барои Тоҷикистон гуфт, ки пайвастшавӣ ба ин созмон фароҳам меорад.
Данилтсев хотиррасон намуд, ки меъёрҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё на танҳо ҳаракати бемонеаи мол, балки ташкили бозори муштараки нерӯи корӣ, хидматрасонӣ, сармоя ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Маҳз ҳаракати бемонеаи нерӯи корӣ дар қаламрави иттиҳод метавонад барои Тоҷикистон муфиду ҷолиб бошад, изҳор дошт профессор.
Ба суол, ки узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон чӣ пайомади манфӣ дошта метавонад, доктори илмҳои иқтисодӣ гуфт, оқибати бадеро намебинад, танҳо масъулиятҳо зам мешаванд.
"Кишвари узвро зарур меояд, ки на танҳо манофеи худ, балки манофеи аъзои дигари иттиҳоду шариконро ба назар гирад. То ҳол тавозун дар манофеи худию гурӯҳӣ дар иттиҳод дида мешавад", - афзуд ӯ.
Ҳамоҳангию муросо, ба гуфтаи профессор, аз ҷумла зимни таъйини боҷҳои гумрукӣ ва муқаррар намудани талаботи техникӣ нисбати молҳо сурат мегирад.
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. Он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил аст. Молдова, Ӯзбекистон ва Куба мақоми нозир дар ин иттиҳодро доранд.