ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Иқдоми Русия барои ҳифзи манофеи миллияш дар шароити таҳдидҳои хориҷӣ ба амният асосноканд, изҳор доштааст Си Ҷинпин, роҳбари Чин зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин.
Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ба мусоҳибаш муносибот дар мавриди Украина ва ҳадафҳоеро, ки зимни амалиёти низомӣ амалӣ мешаванд, тавзеҳ додаст.
"Роҳбарон таъкид кардаанд, ки муносиботи Русия ва Чин дар сатҳи бесобиқа баланд қарор дошта, пайваста таҳкиму такмил меёбанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо талошашонро барои рушди бештари шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ дар ҳамаи бахшҳоро баён доштаанд.
Путин ва Ҷинпин ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратиро баён баррасӣ намудаанд, ки ҳаҷми солонаи он тибқи пешбиниҳо метавонанд ба ҳадди рекордӣ расанд.
Аз ҷумла барои густариши равобит дар бахши энергетика, молия, саноат ва нақлиётро дар пасманзари таҳримҳои ғайриқонунии ғарбӣ баён доштаанд.
Инчунин масоили ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникиро низ роҳбарони Русия ва Чин ба миён гузоштаанд.
"Зимни баҳси вазъи ҷаҳон, таъкид шуд, ки Русия ва Чин чун пештара аз мавқеъҳои ягона ва ё хеле наздик, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бархӯрд мекунанду талоши бунёди муносиботи байналмилалии бисёрқутбию боадолатонаро доранд", - иттилоъ дод Кремл.
Дар зимн телевизиони марказии Чин низ хабар додааст, ки Ҷинпин тамосҳои Маскаву Пекинро мусбат арзёбӣ кардааст. Ӯ изҳор доштаст, ки аз аввали сол новобаста аз тағйироти куллӣ ва бесубботӣ, муносиботи дуҷониба раванди хуби рушдро ҳифз кардаанд.
Ҷинпин изҳор доштаст, ки додугирифти мол миёни Русия ва Чин, аз ҷумла ба далели пули Благовешенск - Хэйхэ афзоиш ёфтааст.