Истиқболи тими Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе - аксҳо

Тими миллии футболи Тоҷикистонро, ки аз шаҳри Бишкек бо роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 баргашт, дар фурудгоҳи Душанбе мухлисони зиёд мунтазир буданд
Sputnik
Мухлисону мақомдорони риштаи варзиш дар Тоҷикистон бо гулдаста, шиору овеза ва рақсу суруд тими миллии футболи кишварро истиқбол гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон бозии ниҳоияшонро дар гуруҳи "F" шоми 14 июн дар Бишкек мусовӣ бидуни гол анҷом доданд.
Бар асоси натиҷаи ин сабқат, мунтахаби Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи "F" ба Ҷоми Осиё - 2023 меравад, ки нахустин бор дар таърихи футболи кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё - 2023 аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.