Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

Даҳҳо коршиносу мақомдори ниҳодҳои давлатӣ, масъулини идораҳои бахши маорифу илм дар Душанбе рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар зимни таҷлил аз 30-юмин солгарди барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Русия рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони бахшҳои гуногун баррасӣ шуд.
Мавзуи меҳварии конфронси байналмилалӣ дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия буд, хабар додааст сафорати ФР дар Душанбе.
Манбаъ афзуд, ки дар конфронс беш аз 30 таҳлилгар, мақомдорони ниҳодҳои давлатӣ, масъулини идораҳои бахши маорифу илм иштирок доштаанд.
Ҳозиринро бо сухани ифтитоҳӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов хайрамақдам гуфт.
Дипломати Русия сатҳи феълии муносибот бо Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ карда, таъкид ба хислати шарикӣ ва иттиҳодӣ доштани равобит намудааст.
Суғд ба Русия ва Қазоқистон беш аз 5000 тонна мева фиристод
Тайи ин нишаст таваҷҷуҳи асосӣ ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният, таҳкими равобити иқтисодию гуманитарӣ зоҳир шуд, илова намуд хадамоти матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Русия равобити дипломатияшонро 8 апрели соли 1992-юм барқарор кардаанд. Аз он вақт инҷониб беш аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва идоравӣ имзо гардидааст.
Дар самти тиҷорату иқтисод Русия ҳамоно шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳаҷми додугирифти молӣ миёни ду кишвар аз ҳадди 1,3 млрд доллар гузашта буд.
Инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ рушд ёфта, феълан равобити молӣ бо 80 минтақаи Русия роҳандозӣ гардидааст.
Инчунин дар ҷумҳурӣ Донишгоҳои славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошта, муассисаҳои олии таълимии машҳури ин кишвар намояндагиҳои худро дар Душанбе доранд. Аз тариқи "Россотрудничество" ҳамасола барои таҳсили тоҷикистониён квотаҳо ҷудо мегардад. Феълан теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии Русия ҳудуди 30 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.