Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Украина аз силоҳҳои Ғарб даст мекашад?

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳвили силоҳ ба Ҷумҳурии Украинаро идома медиҳад, ки дар ниҳоят ин силоҳҳо корношоям боқӣ мемонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Сарбозони украинӣ намехоҳанд аз силоҳи ғарбӣ истифода кунанд, хабар медиҳад CNN.
Сабаби асосии даст кашидани қувваҳои мусаллаҳи Украина аз силоҳи хориҷӣ нобоварӣ буд. Аз ин рӯ низомиён ҳамтоёни тиҷоратиро афзалтар медонанд.
Илова бар ин сарбозон чӣ гуна истифода бурдани силоҳеро, ки ба стандартҳои НАТО мувофиқанд, намедонанд. Бисёре аз онҳо дастурҳои бо забонҳои хориҷӣ навишташударо хонда наметавонанд.
Ҳамин тавр Киев садҳо ҳавопаймоҳои бесарнишини "Switchblade" гирифтааст. Аммо онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, қайд мекунад CNN.
Манбаъ меафзояд, дар Украина лавозимоти ҷангии куҳнаи шӯравӣ тамом мешавад. Ҳамзамон омӯзиши сарбозон барои кор бо системаҳои нав вақтро талаб мекунад ва ҷангиёни заруриро аз майдони ҷанг дур мекунад.
Дар ИМА аз шикасти ногузири Украина гуфтанд
Қаблан Вазорати дифои Русия гуфта буд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳангоми ақибнишинӣ ба партоби мушакҳои зиддитанкии амрикоии "Javelin" ва NLAW-и Бритониёву Шветсия шуруъ кардаанд.
Илова бар ин минаҳои зиддитанкии олмонӣ, норинҷакандозҳо ва лавозимоти ҷангии онҳо ба дасти низомиёни Русия меафтад.