Вазорат аз натоиҷи музокироти марзии чандрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дод

Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми шаш рӯз барои аломатгузорӣ намудани марз сари мизи музокирот нишастанд. ВУХ-и Тоҷикистон аз имзо шудани протоколи марзӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзиро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 9-14 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
"Дар рафти музокирот масоили гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел низ як вохӯрии чандрӯза сари масъалаи мазкур сурат гирифт ва дар анҷоми музокироти онвақта ҳам протокол тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гардиши молро афзоиш доданд
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.