Қабули Қонуни таъйини ҷазо барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Русия

Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро қабул кардааст, ки ҷазои русиягиҳоро барои иштирок дар ҷанг алайҳи Русия дар хориҷ аз ин кишвар мушаххас мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Думаи давлатии Русия банди ҷадид дар Кодекси ҷиноии кишварро қабул кардааст, ки барои даъвати оммавӣ ба фаъолият алайҳи амнияти давлат ҷазоро муқаррар намудаст, хабар дод РИА "Новости".
Бар асоси тарҳи қабулшуда, банди нави Кодекси ҷиноӣ таҳти рақами 280.4 қабул шудааст.
Муқаррар гардидааст, ки барои нақзи меъёрҳои ин банд ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 500 ҳазор рубл ва маҳрумият аз озодӣ то 2 сол муқаррар гардидааст.
Агар нақзи меъёр аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ сурат гирад, ҷазо дар шакли ҷарима аз 500 ҳазор то 2,5 млн рубл ва ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 7 сол хоҳад буд.
Инчунин бар асоси тарҳ, шаҳрвандони Русия, ки дар амалиёти низомӣ алайҳи манофеи давлат дар хориҷ аз кишвар иштирок мекунанд, бо маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 20 сол ҷаримабандӣ мешаванд.
Сенатори Русия: Ба даъвати иловагии аскарон барои Украина ниёз надорем
Қабули ин тарҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия рӯзи 24 феврали соли равон амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.