Ҳушдор аз борони шадид ва селфароӣ дар аксари навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистон

КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки пеш аз оғози боронҳои пуршиддат ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то маҷрои об ба сӯйи хонаҳо нагардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, бориши шадид ва хавфи омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Ожонси ҳавошиносии кишвар дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба ҷуз аз шарқи Бадахшони Кӯҳӣ боронҳои шадид дар назар аст.
"Ин боронҳо метавонанд боиси омадани сел дар минтақаҳо гарданд", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ин росто, кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Манбаъ афзуда, ки дар баробари бориши шадид, раъду барқ ба амал меояд, ки метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.
Дар робита ба ин, Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Ғарқшавии 56 нафар дар обҳои Тоҷикистон: аз 4 то 35 сола
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.