Баррасии паҳлуҳои гуногуни масоили муҳоҷират дар Душанбе

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба масъалаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба минтақаи бехавфи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ин масъала дар Душанбе зимни дидори вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Кристина Транка баррасӣ шуд.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.
Тавре манбаъ хабар додааст, тарафҳо зимни вохӯрӣ паҳлуҳои гуногуни масоили муҳоҷиратро дар ҷаҳон ва Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия барои бозгардонидани пулҳои муҳоҷирон
Аз ҷумла ба иттилои манбаъ, ба масъалаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба минтақаи бехавф таваҷҷуҳ зоҳир гардидаааст.
“Созмони Байналмилалии Муҳоҷират омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд”, - таъкид доштааст вазорати меҳнат.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар мулоқоти мазкур дар бораи масъалаҳои таъсиси махзани ягонаи иттилоотии дастрас дар самти муҳоҷират ва ба роҳ мондани мактаби тобистона барои омӯзиши масоили муҳоҷирати аҳолӣ ибрози андеша гардид.