ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар чарогоҳи Сафедсанги ноҳияи Дарвоз бар асари раъду барқ чӯпони 27-сола ҷон аз даст додааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодисаи фоҷиабор дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки зодаи ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон, чӯпони 27 -сола зимни чаронидани рама аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 15 cap гӯсфанд низ бар асари ин офати табиӣ нобуд шудааст.
Дар баробари ин, бино ба гузориши КҲФ, раъду барқ як зани 43-солаи деҳаи Сағирдашти ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвозро низ дар ҳавлиаш пахш кардааст.
Манбаъ афзуда, ки феълан зан дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад.
Бори аввал нест, ки сокинони Тоҷикистон бар асари раъду барқ кушта мешаванд.
Соли 2015 дар ноҳияи Рӯдакӣ раъду барқ се хоҳарро кушта буд. Ва ҳамон сол, сокинони шимоли кишвар низ бар асари раъду барқ кушат шуда буданд.