Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд

Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбе ва Исломобод дар робита ба вазъи Афғонистон манфиати муштарак доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар мусоҳибае дар “Radio Pakistan” таъкид доштааст, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҷаноби сафир афзуд, ки талошҳои кишварҳои ҳамсоя ба он равона шудааст, ки ҳар як кишвар аз робитаҳои минтақавӣ пурра истифода намояд.
“Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст”, - гуфт Исматулло Насриддин.
Инчунин сафири Тоҷикистон дар Покистон зикр кардааст, ки танҳо як роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Афғонистон баргашт - видео
Сафири кишвар пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибон барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.
Ҳамзамон сафири Тоҷикистон аз нақши Чин дар раванди истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, Душанбе ва Пекин бо дарназардошти манофеи Чин дар Афғонистон сари ин масъала кор мекунанд.