ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар ин бора ахиран Сулаймонзода Акрам, муовини раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи аввали соли 2022 хабар додааст.
Тибқи иттилои оқои Сулаймонзода, дар панҷ моҳи сипаришудаи соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 944,5 миллион сомонӣ ворид гардид.
Вай гуфт, аз ин ҳисоб қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 679,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбати нақша 18,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳамзамон муовини раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии маблағи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,4 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 812,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 11,3 миллион сомонӣ зиёд арзёбӣ шуд.
“Нақшаи андоз 103 фоизро ташкил дода, ба буҷет 681,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 20,1 миллион сомонӣ зиёд аст”, - гуфт Сулаймонзода Акрам.
Мақомоти вилояти Хатлон иддао дорад, ки натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷмоҳи аввали соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардидааст.