Дар шаҳри Хуҷанд маҷмуаи биноҳои баландошёнаи замонавӣ пайдо мешавад

Дар баробари бунёди биноҳои истиқоматии замонавӣ мақомоти вилояти Суғд аз соҳибкорони хориҷӣ интизор доранд, ки ба иқтисоди ин вилоят сармоягузорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар пойтахти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд маҷмаааи биноҳои истиқоматии замонавӣ бунёд мешаванд.
Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода бо соҳибкорони Туркия гуфтугӯ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, соҳибкорони тоҷик ва турк тасмим доранд лоиҳаи бунёди маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавӣ дар шаҳри Хуҷандро роҳандозӣ намоянд.
Аллакай корҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо тамоми шароити зарурӣ сохта шавад.
"Маҷмаа дорои ҳавзҳои шиноварӣ, толори фитнес, ҳаммомҳои туркӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсуси истироҳатӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи гузориши манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати "Чолакоғлу групп"-и Туркия Акиф Чолакоғлу зимни суҳбат инчунин доир ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят суҳбат кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, дурнамои ҳамкорӣ миёни вилояти Суғд ва ин ширкати туркиро баррасӣ кардаанд.
Дар Туркия аз бартариҳои судманди Тоҷикистон гуфтанд
Манбаъ афзуда, ки сафари соҳибкорони турк ба вилояти Суғд ҷавобӣ буда, моҳи майи соли ҷорӣ зери роҳбарии раиси вилоят соҳибкорони тоҷик ба Туркия сафар намуда буданд.
Ҳамин тавр, ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони тоҷик ва турк солҳо инҷониб идома дорад. То имрӯз дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатии муштарак фаъолият мекунанд.
Аз ҷумла ҶДММ "Фортуна-Ко" бо шарикони турк корхонаҳои саноатии "Силкоат бойя" ва "Арча мебел"-ро таъсис додаанд.
Ҷонибҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ тарҳҳои муфиду муштаракро амалӣ намоянд.