Миллионҳо сомонӣ зарар: пайомади офатҳои табиӣ дар Суғд маълум шуд

Мақомоти Суғд гуфтанд, ки давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят чанд офати табиӣ сар задаву бар асари он чанд миллион сомонӣ зарар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Хисороти офатҳои табиӣ дар ҳудуди вилояти Суғд давоми панҷ моҳи сипаришуда, 4 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, сардори маркази матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд зимни ироаи омор дар хусуси офатҳои табиӣ хабар дод.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар умум дар ҳудуди шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Масчоҳи Кӯҳӣ 8 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Аз ҳисоби селхезӣ роҳҳо, манзилҳо, заминҳои кишоварзӣ тахриб шуданд ва ин офот ба хоҷагии халқи вилоят наздик ба 4 миллион сомонӣ зарар расондааст”, – гуфт Ҳамдамов.

Мақомот мегӯянд, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ, хушбахтона, ягон ҳодисаи ҳалокат дар миёни сокинон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Котиби матбуотии КҲФ афзуд, хисороти селхезӣ дар ноҳияи Ашт, ки ахиран рӯзи 30 май рух дод, ба беш аз 1 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки бар асари омадани сел дар ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук дар умум 20 пул, ҳудуди 8 километр роҳ ва 32 ҳавлии сокинони ҷамоат хароб гардидааст.
Аз 1 миллион сомонӣ гузашт: хисороти сел дар ноҳияи Ашт маълум шуд
Раёсати КҲФ ахиран, зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки давоми соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд 10 ҳодисаи селхезӣ ва фаромадани ярч ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 22 нафар ҳалок ва ба аҳолӣ 15, 4 миллион сомонӣ зарар расидааст.
Сели харобиовар дар Ашт ҳафт пул ва ҳашт километр роҳро хароб кард
Навоҳӣ ва шаҳрҳои Ашт, Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз манотиқи осебпазир аз сел дар вилояти Суғд гуфта мешаванд. Деҳоти ин навоҳии шимоли Тоҷикистон умдатан дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар онҳо селроҳаҳое вуҷуд дорад.
Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла сел ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунанд.