ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулини баландпояи соҳаи маорифро тағйир дод.
Ҳамин тавр бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод шуд.
Ба ин вазифа Аҳлиддин Ибодуллозода таъйин гардид.
Ҳамчунин Абдусалом Мирализода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озод шуду Дилшод Раҳмон ба ин курсӣ такя зад.
Зимнан бо қарори ҳукумат Исматулло Шодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ озод шуда, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди президент таъйин гардид.
Муовини дигари мудири Маркази миллии тестӣ Олимҷонзода Уктам Олимҷон таъйин шуд.
Тибқи қарори дигари ҳукумат, директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Алимардонзода Ориф аз вазифа озод шуда, ба ҷояш Маҳмадзода Илҳомҷон таъйин гардид.
Зимнан Одиназода Рамазон директори Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" таъйин шуд.