ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “Сомон эйр” барои анҷомдиҳии хидматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ барои се сол иҷозатнома дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, ин иқдом мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хидматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон”, сурат гирифтааст.
Бонки миллӣ хабар додааст, қарори раёсати бонк дар ин бора 8 июни соли равон ба имзо расидааст.
Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъорро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хидматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Олмон, ИМА, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медод.
Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои "Боинг"-ҳои 737-300, -800, -900 ва чархболи "Airbus H125" иборат аст.