ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Владимир Путин , президенти Русия бо Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури тозаинтихоби Туркманистон мулоқот кард.
Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони ду кишвар аст.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Путин ва Бердимуҳамедов ҳамчунин Эъломия дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегии кишварҳоро имзо мекунанд.
Илова бар ин, раҳбари Русия тасмим гирифтааст, ки ҳамтои худро аз ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина огоҳ кунад.
Бояд қайд кард, ки Бердимуҳаммадов бо даъвати Путин аз Маскав дидан мекунад. Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба мақоми раҳбари давлат расидан дар моҳи марти соли 2022 аст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисиҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ пирӯз ва барои ҳафт соли дигар президент интихоб шуд.
Ҳамин тариқ, ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.
Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмӯъ 27,03% овоз гирифтанд.
Ӯ пас аз бурдаш гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва авлавияти ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва шарикони суннатӣ равона мешавад.