ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" хабар дод, ки эҳтимол дорад, як қисми силоҳҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина дода буданд, ба далели нобасомониҳо дар кишвар гум мешаванд.
Саймон Веземан, як корманди аршади Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм гуфт, ки таҷҳизоти низомии Амрико ва Аврупо метавонанд на танҳо аз байн бурда шавад, балки эҳтимол дорад, дар бозори сиёҳ низ пайдо шаванд.
"Пайгирии силоҳҳо бо чунин суръате, ки дода мешавад, осон нест. Хавфи гум шудани аслиҳа дар натиҷаи нобасомониҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад", - гуфт мутахассис.
Вай гуфт, айни замон барои ҳалли ин мушкилот кори каме анҷом дода шудааст, аммо дар оянда бояд барномае барои ҷамъоварии лавозимоти ҷангӣ аз аҳолии осоишта таҳия карда шавад.
Кристен Байес, намояндаи созмони бритониёии Campaign Against Arms Trade бар ин назар аст, ки пешниҳоди аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ба Украина "фаҳмост, аммо бидуни мушкилот нест".
"Шояд гумон мекунед, ки аслиҳаро ба одамони шиносу дӯстдоштаатон месупоред, аммо баъд маълум мешавад, ки он ба дасти касоне меафтад, ки дар рӯ ба рӯи мо сангар гирифтаанд”, - гуфт ӯ.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ки рӯзи 24 феврал шуруъ шуд, ИМА ва муттаҳидонаш аз кишварҳои НАТО ба Украина аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ доданд.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден лоиҳаи Қонун дар бораи пешниҳоди кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Киев ба маблағи тақрибан 40 миллиард долларро ба имзо расонд.
Маскав борҳо ба талошҳои Ғарб барои давом додани низоъ тавассути интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кардааст. Вазорати дифои Русия ҳушдор додааст, ки анборҳои муҳимоти ҷангӣ ҳадафи қонунии нерӯҳои ҳавоӣ Русия дар Украина хоҳанд буд.