ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Русия ва Ғарб наметавонанд аз ҳамкориҳо канорагирӣ кунанд, Маскав омодааст, ки бархӯрд бо кишварҳои ғарбиро паси сар кунад, аммо на бар зарари манфиатҳои худ.
Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия иттилоъ додааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Мо (Русия ва Ғарб - шарҳ аз идора) дар як сайёра зиндагӣ мекунем ва маҳкум ба ҳамкории мутақобила ҳастем. Афсӯс, ки ҷониби дигар ҳоло инро фаҳмидан намехоҳад. Ҳар дафъа бо рад кардани умумиятҳо Ғарб худ ва ояндаи худро фақир мекунад. Дар Русия ягон "ғарббадбинӣ" вуҷуд надорад. Мо омодаем, ки бархӯрди кунуниро паси сар кунем, аммо албатта, на бар зарари манфиатҳоямон”, - навиштааст Матвиенко дар блоги худ дар вебсайти Шӯрои федератсия.
Вай таъкид кард, ки русбадбинӣ дар Аврупо решаҳои амиқ дорад ва "ҷузъи доимии ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Ғарб" аст.
"Ва мо бояд инро дар ҳама чиз ба назар гирем: дар сиёсат, дар иқтисод ва фарҳанг", - афзуд ӯ.
Матвиенко инчунин даъват кард, ки суханони гуфташударо даъват ба нафрат алайҳи Ғарб нашуморанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.