ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2023 Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба кайҳон дар Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ҳамин тариқ аъзои Шӯрои байнидавлатии ИДМ, ки Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистонро шомил мешавад, ба ҳайси нозир бо ширкати Кумитаи иҷроияи ИДМ раиси ин шӯроро интихоб карданд.
Дмитрий Рогозин, директори генералии "Роскосмос" бо қарори якдилона ба ин мақом интихоб шуд ва то ҷаласаи навбатӣ раёсати ҳайатро бар уҳда хоҳад дошт.
Дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви ИДМ, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи иктишофи осоиштаи кайҳон яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар доираи иттиҳод мебошад.
Илова бар ин дар ҷаласа нақшаи кории шӯро барои солҳои 2022-2023 тасдиқ шуда, масъалаҳои ҳамгироии инфрасохтори заминӣ бо истифода аз сигналҳои ГЛОНАСС матраҳ шуданд.
Таъсиси системаи чандманзураи аэрокосмикӣ барои мониторинги пешгӯии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин дастгирии меъёрию техникии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуд.