Русия ба Тоҷикистон дар ҳалли як мушкили шадид кумак хоҳад кард

Душанбе нақша дорад, барои пешгирӣ обшавии пиряхҳо дар кишвар корҳои густурдаеро оғоз кунад, ки Маскав метавонад онро кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон кумаки машваратии олимонро дар ташкили мониторинги яхбандии абадӣ пешниҳод кардааст. Ин ибтикор аз ҷониби раҳбари Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Козлов садо дод.
Қаблан ӯ бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода мулоқот карда буд. Ин нишаст дар чаҳорчӯби дувумин конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар Душанбе баргузор шуд.
Козлов ва Шерализода ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи муҳити зистро баррасӣ карданд.
Намояндаи Русия гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон "ба нақша гирифтааст, ки кор дар пиряхҳоро оғоз кунад". Обшавии онҳо мушкили шуда истодааст, таъкид кард ӯ.
"Пешниҳод кардем, ки таҷрибаи худ оид ба ташкили мониторинги яхбандии абадиро мубодила кунем. Мо аллакай ба ин кор машғулем ва ҳоло системаи давлатии мониторингро таъсис дода истодаем, ки дар он 140 стансияҳои назорати ҳолати яхбандии абадӣ хоҳанд буд", - гуфт Козлов.
Ӯ Шерализодаро ба Санкт-Петербург, ба Пажуҳишгоҳи илмии Арктика ва Антарктикаи Рогидромет даъват кард, ки мутахассисон омодаанд таҷрибаи кор бо яхбандии абадиро мубодила кунанд.
Пиряхи калонтарини дунё дар Тоҷикистон хурд шудааст: Чӣ қадар?
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар тӯли чанд даҳсола ҷумҳурӣ беш аз 1000 пиряхро аз даст додааст, ки боисӣ обхезиҳои сахт ва хушкӣ гаштааст.
Барои ҳалли ин мушкил дар кишвар пешниҳод шудааст, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт пурзӯр карда шавад.