ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ, ки таҳримҳои зидди Русияро ҷорӣ мекунанд, бовар доштанд, ки шарикони Русияро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) метарсонанд, аммо нашуд.
Ба гуфтаи ӯ чораҳои андешидаи роҳбарияти Русия ин нақшаҳоро бар зидди ташаббускорони худи онҳо равона карданд.
“Фишор ба заиф кардани иқтисоди Русия нигаронида шудааст. Муаллифони таҳримҳо интизор доранд, ки ин чораҳо бояд кишварҳои узви ИИАО-ро аз ҳамкорӣ бо Русия битарсонанд, равобити моро баркананд ва дар маҷмӯъ ин маънои онро дорад, ки минтақаи Авруосиё аз тариқи ҳамгироии иқтисодӣ натавонад ҳамчун як ниҳоди мустақил амал кунад", - гуфт Оверчук.
Ӯ ин нукрато дар конфронси "Қазоқистон ва Русия. Самтҳои кунунии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИИАО” изҳор дошт.
Аммо, ба таъкиди ӯ, ба шарофати чораҳои андешидаи раисиҷумҳури Русия, ҳукумат ва Бонки Русия, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Маскав "мувофиқи нақшаи онҳое, ки онро роҳандозӣ кардаанд, нарафт".
Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.
Марвид ба зимкр аст, ки як қатор кишварҳои ғарбӣ дар робита ба авзоъ дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Ба андешаи ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагонии миллиондо одамон мебошад. Путин ҳамчунин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан ӯҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори онро мунҷамид сохтанд.
Вай афзуд, рӯйдодҳои феълӣ хати бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод мешиканад.