ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар оянда ба ҳайати Иттиҳоди Ииқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) кишварҳое метавонанд дохил шаванд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ набуданд,
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук зимни суханронӣ дар конфронси "Қазоқистон ва Русия. Самтҳои кунунии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИА” изҳор дошт.
"ИИАО ин кӯшиши Русия барои баҳамории минтақа ва барқарорсозии Иттиҳоди Шӯравӣ нест, тавре ки инро маънидод мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба таъкиди Оверчук, ИИАО бояд ҳамчун иттиҳодияи ҳамгироӣ фаҳмида шавад, ки ҳадафи асосии он ташаккули муносибатҳои иқтисодӣ дар Авруосиё дар асоси муносибати муҳтарамона ба истиқлоли кишварҳои узви он мебошад.
"Дар ҳама сатҳҳои қабули тасмимҳо масъалаҳо бо ризоият ҳал мешаванд. Дар ин ҷо садои ҳатто хурдтарин кишвар ба садои бузургтарин кишвар баробар аст", - шарҳ дод мавсуф.
Ба гуфтаи вай, дар оянда давлатҳое, ки ҳеҷ гоҳ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ набудаанд, метавонанд узви созмони иқтисодии АвруОсиё шаванд, бинобар ин ҳайрон набояд шуд.
Тавре ки Оверчук қайд кард, нақшаҳои Ғарб дар бораи заиф кардани иқтисоди Русия ва шикастани робитаҳои ҳамгироӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барбод рафтанд.
Ба гуфтаи ӯ чораҳои андешидаи роҳбарияти Русия ин нақшаҳоро бар зидди ташаббускорони худи онҳо равона карданд.
“Фишор ба заиф кардани иқтисоди Русия нигаронида шудааст. Муаллифони таҳримҳо интизор доранд, ки ин чораҳо бояд кишварҳои узви ИИАО-ро аз ҳамкорӣ бо Русия битарсонанд, равобити моро баркананд ва дар маҷмӯъ ин маънои онро дорад, ки минтақаи Авруосиё аз тариқи ҳамгироии иқтисодӣ натавонад ҳамчун як ниҳоди мустақил амал кунад", - гуфт Оверчук.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон чанд сол боз имкони шомил шудан ба ИА-ро арзёбӣ мекунад, аммо бо вуҷуди манфиатҳое, ки ин метавонад ба ҷумҳурӣ, масалан, низоми содагардонии кор барои муҳоҷиронро биёрад, ба шомил шудан шитоб намекунад.
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. Он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил аст. Молдова, Ӯзбакистон ва Куба мақоми нозирро доранд.