ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Думаи давлатӣ рӯзи чаҳоршанбе тарҳи қонуни ҳукуматро дар қироати аввал қабул кард, ки он ба мутахассисони касбӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Русия кор мекунанд, ҳаққи гирифтани иҷозаи иқомати бемуҳлатро медиҳад.
"Дар лоиҳаи қонун пешниҳод карда мешавад, ки ба мутахассиси ҳирфаӣ ва аъзои оилаи ӯ дар сурати дар қаламрави Русия кор карданаш ҳуқуқи гирифтани иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат дода шавад", - омадааст дар маводи тавзеҳотӣ.
Мушаххас шудааст, хориҷиёне, ки дар Русия ба ҳайси мутахассиси касбӣ на камтар аз ду сол кор мекунанд ва агар корфармои онҳо тамоми ҳисобҳои андози заруриро анҷом диҳад, метавонанд иҷозатномаи иқомат ба даст оранд, менависад РИА "Новости".
Ҳамзамон мутахассисе, ки иҷозаи иқомати бемуҳлат гирифта, ба категорияи сокинони доимӣ мегузарад, имкон дорад, дигар санади иҷоза барои кор омода накунад ва аз доираи мақоми хориҷии ҳирфаӣ берун шавад.
Дар лоиҳаи қонун инчунин уҳдадории идораи андоз дар ҷиҳати ба ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилӣ додани маълумот дар бораи даромаде, ки мутахассисон гирифтаанд, пешбинӣ шудааст.
Тавре ки дар ҳуҷҷат зикр шудааст, чунин муқаррарот назорат аз болои корфармоён дар ҷиҳати риояи шартҳои ҷалби хориҷиёни ҳирфаиро таъмин хоҳад кард.