Эълони ҳаҷми хисороти сӯхтори шадид дар бозори "Фаровон"-и Бохтар

Ситоди таҳти роҳбарии раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода сабаб ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бухзургтарин бозори ин шаҳрро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Хисороти сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар 3,8 миллион сомонӣ (беш аз 270 ҳазор доллар) будааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба натоиҷи ҷаласаи ситод таҳти раҳбарии раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода навиштаанд.
Ба гуфтаи онҳо, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз ошхонаҳои воқеъ дар ҳудуди бозор будааст.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори "Фаровон" шоми 1 июн рух дод. Ба ҷойи ҳодиса 28 мошини сӯхторнишонӣ ва 148 нафар ва кормандони дигар бахшҳо ҳозир шуданд.
Оташ масоҳати 1,2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, баробари сар задан дар ошхона ба бахши либосвории бозор ва баъдан ба дигар қисматҳо паҳн шудааст.
Мақомот сабаби сӯхтори бозори "Фаровон"-ро муайян кардаанд
Ба иттилои мақомот, хатари паҳн шудани алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор вуҷуд дошт, аммо ба шарофати иқдомоти ҳамоҳангшудаи сӯхторнишонҳо сӯхтор тақрибан соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ хомӯш карда шуд.
Даргузашти соҳибкоре, ки дар оташгирии бозори "Фаровон" 95%-и танаш сӯхта буд
Бар асоси гузоришҳое, ки ба Sputnik Тоҷикистон расда, гуфта мешуд ки беш аз 11 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Инҳо умдатан коргарону фурӯшандагони бозор ҳастанд, ки талоши наҷоти молро кардаанд ва ҷароҳатҳои гуногуни сӯхтагӣ ва захмӣ бардоштаанд. Ба онҳо пас аз расонидани ёрии аввал иҷозат дода шуд, ки ба хона раванд.
Идораи оташнишонии вилояти Хатлон низ хабар дод, ки як нафар бо 95% сӯхтагии баданаш ба бемористони маҳаллӣ бистарӣ шуда, бомдоди рӯзи дигар ба ҳуш наомада аз олам гузашт.