Дастури раиси вилояти Суғд барои дастгирии дастаи футболи “Истаравшан”

Раиси вилояти Суғд дар ҷиҳати тақвияти фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастаи футболи “Истаравшан” ба масъулин дастур дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят​ дар шаҳри Истаравшан бо ҳайати дастаи футболи “Истаравшан” дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки​ барои тақвияти фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид ба даста аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Ризо Паркас баъд аз панҷ бохти пай дар пайи тими “Истаравшан” худаш истеъфо дод
Вай дар мулоқот бо мураббиён ва ҳайати даста Раиси вилоят таъкид кардааст, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ва​ таъмиру азнавсозии иншооти варзишӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.
“Боиси хушнудист, ки дар ин замина дар вилояти Суғд низ барои рушди футболи касбӣ шароити лозимӣ фароҳам оварда шуда, дастаҳои вилоят дар Лигаи олӣ ва Лигаи якуми мамлакат бозӣ мекунанд”, - гуфт Аҳмадзода.
Дастаи футболи “Истаравшан” яке аз куҳантарин клубҳои футбол аст ва дар Лигаи олии мамлакат бозӣ мекунад.
Илова бар дастаи “Истаравшан” аз вилояти Суғд ҳамзамон дастаҳои футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Равшан”-и Зафаробод ва “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунанд.