Амирабдуллоҳиён: Эрон дунболи бомби атомӣ нест

Ахиран вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки кишвараш бо вуҷуди фишорҳо аз усул ва мабонии исломии худ даст бар надошта, вале дунболи бомби ҳастаӣ ҳам нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ҳусейн Амрабдуллоҳиён ахиран дар Ҳинд дар дидор бо ҷамъе аз олимон гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ дар музокироти ҳастаӣ ба эътирофи худашон, метавонистанд ҳамаи мушкилоти марбут ба барномаи ҳастаии Эронро надида бигиранд.
Вай гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар иваз сукут дар масъалаи ҳимоят аз Фаластинро аз Эрон дархост мекарданд.
"Эрон бо вуҷуди фишорҳо аз усул ва мабонии исломии худ даст бар надошта, вале дунболи бомби ҳастаӣ ҳам нест", - таъкид кард вазири хориҷаи Эрон.
“Алқоида”* ба Ҳинд таҳдиди террористӣ кард
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон ахиран ба Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд сафар кард. Вазири умури хориҷии Эрон дар шароите ба Ҳинд сафар кард, ки дар рӯзҳои ахир як мақоми ҳизби ҳокими Ҳинд бар паёмбари акрам (с) беҳурматӣ кардааст.
Ин мавзуъ вокунишҳои бисёриро аз сӯйи мусалмонони Ҳинд ва дигар мусалмонони ҷаҳон дар пайи дошт.
Гурӯҳи “Алқоида”* низ баъд аз суханони сиёсатмадори ҳиндӣ дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) Ҳукумати Ҳиндро таҳдид ба роҳандозии амалиёти террористӣ кард.
*Ташкилоти террористии мамнуъ дар қаламрави Русия