ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Намояндаи дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик гуфт, СММ наметавонад изҳороти Украина дар бораи дуздии ғалла аз ҷониби Русияро таъйид намояд.
"Мо бо дафтари Барномаи ҷаҳонии ғизо дар тамос ҳастем, онҳо ин иттиҳомотро таъйид намекунанд", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки дар содироти ғалла аз Украина мушкиле вуҷуд надорад. Илова бар ин ӯ иддаоҳоеро, ки гӯё Маскав ба интиқоли маводи ғизоӣ монеъ мешавад, дурӯғ номид.
Роҳбари Русия аз Киев даъват кард, ки барои убури бехатари киштиҳо бандарҳоро аз мина пок кунад. Путин қайд кард, ки ғалларо инчунин метавон аз тариқи соҳили дарёи Дунай тавассути Руминия, Маҷористон ва Лаҳистон содир кард.
“Роҳи арзонтарин тавассути Беларус аст, аммо барои ин шумо бояд таҳримҳоро лағв кунед”, - шарҳ дод Владимир Путин.
Аммо ахиран президенти Украина Владимир Зеленский аз содироти ғалла тавассути Беларус худдорӣ кард ва нахост, ба ҳамсояҳои "дӯст" кумак кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.