Мутахаби Тоҷикистон тими Мянмарро голборон кард

Мунтахаби Тоҷикистонро ду бозии дигар бо тими Сингапур дар рӯзи 11 июн ва бо футболбозони Қирғизистон дар рӯзи 14 июн интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар аввали бозии гурӯҳии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2023 бо мунтахаби Мянмар вориди майдони бозӣ шуданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид.
Голҳоро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбеба ҳадаф расонданд.
Аҳмадзода бо ноиби Рустами Эмомалӣ рушди футбол дар Суғдро баррасӣ кард
Манбаъ меафзояд, тими мунтахаби Тоҷикистон дар даврҳои минбаъда дар гурӯҳи "F" бо Сингапур ва Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо футболбозони Сингапур рӯзи 11 июн ва бо дастаи Қирғизистон рӯзи 14 июн сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ, ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷойгирифта ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.