ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар марҳилаи аввал барои зиёда аз 2700 хоҳишманди кор давраҳои омӯзишӣ гузаронда мешавад, хабар дод Маркази миллии тестии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин марҳила барои марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмур ва бақайдгирандагони маркази имтиҳонӣ омода карда мешаванд.
Сипас аз миёни шунавандаҳо ҳудуди 1900 нафар муваққатан ба марҳилаи баргузории имтиҳонот ҷалб карда мешаванд.
Бар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 46 маркази имтиҳонӣ ташкил шуда, фаъолияти онҳо аз 1 июл оғоз мегардад.
Маркази миллии тестии назди раисҷумҳур 20 рӯзи иловагӣ муҳлат барои сабти довталабони имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар додааст, ки аз 10 то 30‑юми июнро дар бар мегирад.
Ин ниҳод мегӯяд, бар хилофи нақшаҳои қаблӣ, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон бояд танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ин кор роҳандозӣ мегардад.
"Хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт муроҷиат кунанд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин таъкид шудааст, довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ - аз 1 март то 30 апрел худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, ин имконро дар марҳилаи иловагӣ доранд.
Ба иттилои ММТ, довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ номнавис мешаванд ва ё аз нав ба қайд гирифта мешаванд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ, рӯзи 12 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.