ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ахиран дар нишасте гуфт, ки СПАД бояд омили таъмини мувозинат дар минтақаи Авруатлантик гардад.
Ба гуфтаи вай, СПАД вобаста ба ниёзҳое, ки дар ҳаёт ба вуҷуд меоянд, рушд мекунад, аммо “на ҳама ба ҳама рушди ин созмон писанд аст”, аз ҷумла ба кишварҳои НАТО.
Вай қайд кард, ки ҳоло баҳси тунд дар мавриди татбиқи қарорҳои нишастҳои САҲА дар бораи таъмини тақсимнопазирии амният ҷараён дорад.
"Шакли амнияти тақсимнопазир, ки ба имзои руасои ҷумҳурӣ ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои НАТО расидааст, аз ҷумла ба радди талоши ҳар кишвар, гурӯҳе аз кишварҳо ё ҳар созмоне барои иддаои нақши муссаллат дар Авруатлантик далолат дорад. НАТО бо тамоми фаъолияти ҳаётии худ он чизеро, ки мамнуъ аст ва аъзояш ваъда додаанд, амал намекунад, татбиқ намекунад”, - гуфт Лавров.
Вай илова кард, ки ба ҳамин хотир СПАД бояд ҳамчун омили таъмини мувозинат дар минтақаи Авруатлантикӣ амал кунад.
“Бовар дорам, бо баррасӣ ва ташаббусҳои мо дар бораи амнияти минтақа салоҳият ва нақши он боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд”, - қайд кард Сергей Лавров.