ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар идомаи бозгашти мақомҳои ҳукумати пешини ин кишвар Форуқ Вардак, вазири пешини маориф ва вазорати давлат дар умури порлумонӣ дубора ба кишвар бозгашт.
Кумиссиюни тамос бо шахсиятҳои афғон ахиран дар сафҳаи твиттериаш навишт: "Дар идомаи талошҳои Кумиссиюни тамос бо шахсиятҳои афғон Форуқ Вардак, вазири маориф ва вазорати давлат дар умури парлумонии ҳукумати пешин ба кишвар бозгаштааст".
Форуқ Вардак ҳангоми бозгашт ба Ватан ба расонаҳо гуфт: "Иззати мо дар Ватани мост, мо дар кишварҳои дигар муаззаз нестем. Ман дар кишвари худ эҳсоси иззат, ифтихор ва хушӣ мекунам. Хонаи мо ҳамин ҷост ва қабри мо ҳам ҳамин хоҳад буд. Бо ин мардум будем ва хоҳем монд".
Вай мегуяд: "Аксари мардум, ки дар хориҷ мебошанд, хоҳони бозгашт ба кишвар ҳастанд. Аксари онҳо бо хабар шудан аз бозгашти ман аз ман хостаанд, ки заминаи бозгашти моро ҳам фароҳам кунанд, аммо кам нафароне ҳастанд, ки дар фикри омадан ба кишвар нестанд".
Гуфтанӣ аст, пеш аз ин ҳам генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи пешини Вазорати дифоъ Амонуллоҳ Ғолибӣ, раиси пешини ширкати “Брешно”, Интизор Ходимӣ, узви Шӯрои амнияти миллии ҳукумати пешин Ҳасан Муборак Азизӣ, сарпарасти Вазорати транспорт ва ҳавонавардии ҳукумати пешин ба ин кишвар бозгаштаанд.