ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ин марказ аз тарафи соҳибкор Абдухолиқ Саидов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллар бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, 50 дарсади маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.
Ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан кардааст.
Логистический центр Хатлон
© Пресс-служба главы Хатлонской области
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар марказ дар як сол бандубасти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Манбаъ илова кардааст, ки айни ҳол таҷҳизот пурра ворид ва насб шудаанд. Таҷҳизот барои хушк кардани меваю сабзавот, бандубасти меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти дигар барои ба андоза (калибровка) ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва як адад автомошинаи автокара (борбардор) дастрас карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.