ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар дидор бо Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон, ки барои иштирок дар конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Душанбе ҳузур дорад, гуфт, густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бо Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии робитаи дуҷониба дар арсаҳои гуногун ташаккул ёфта, тақрибан 200 санадро дар бар мегирад.
Сарвазир илова кард, ки байни ин ду кишвари дӯст ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шудааст.
Татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 низ метавонад ба тавсеаи беш аз пеши ин ҳамкорӣ ба таври муассир мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо вазири нерӯи Эрон Алиакбар Меҳробиён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон мебошад, мулоқот кард.
Встреча Министра иностранных дел Таджикистан Сироджидина Мухриддина с Министром энергетики Ирана Алиакбаром Мехрабияном
© пресс-служба Министерства иностранных дел Таджикистана
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин роҳҳои муассири амалисозии тавофуқҳои дар рафти сафари расмии ахири президенти кишвар ба Эрон ҳосилшударо баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки вазири нерӯи Эрон муҳимияти конфронсро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуда, ҷониби тоҷикистониро барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ситоиш кард.