“Алқоида”* ба Ҳинд таҳдиди террористӣ кард

Гурӯҳи “Алқоида”* баъд аз суханони сиёсатмадори ҳиндӣ дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) Ҳукумати Ҳиндро таҳдид ба роҳандозии амалиёти террористӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Гурӯҳи террористии “Алқоида”* пас аз изҳороти намояндаи собиқи ҳизби ҳокими Ҳинд дар бораи паёмбари ислом (с) ҳукумати ин кишварро ба ҳамлаҳои террористӣ таҳдид кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Зимнан “Zee News” дар истинод ба изҳороти “Алқоида”* хабар додааст, ин гурӯҳ ба Ҳукумати Ҳинд таҳдид кардааст, ки “дар Деҳлӣ, Мумбай, инчунин Уттар-Прадеш ва Гуҷарот амалиётҳои маргбор анҷом хоҳад дод".
Нипур Шарма, намояндаи собиқи ҳизби ҳокими “Бҳаратия Ҷаната” дар Ҳиндустон ҳафтаи гузашта дар як баҳси телевизионӣ дар бораи ислом ва паёмбари ислом (с) ҳарфҳояшро изҳор кард.
Изҳороти вай миёни кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Эрон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷанҷолбарангез шуд ва ин кишварҳо изҳороти зидди мусалмононро шадидан маҳкум карданд. Бархе аз кишварҳои мусалмони сафирони Ҳиндро ба вазоратҳои хориҷияшон даъват карданду ба онҳо эътирознома супурданд.
Вазири хориҷаи ҳинд ба Аврупо: Ҷаҳон ба Афғонистон хиёнат кард
Дар навбати худ Ҳукумати Ҳиндустон ва Ҳизби “Бхаратия Ҷаната” аз ин изҳорот худро канор гирифтанд ва худи хонум Шарма аз вазифааш сабукдӯш шуду узвияташро дар ин ҳизб қатъ карданд.
Дар ҳамин ҳол худи хонум Шарма ва хонаводааш пас аз изҳороташ дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) ва таҳдидҳо алайҳи ӯ зери ҳимояи пулиси Деҳлӣ қарор гирифтааст. Пулис инчунин дар робита ба таҳдидҳо нисбати хонум Шарма се парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар навбати худ пулиси иёлати Маҳараштраи Ҳинд алайҳи худи Шарма парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро рӯзи 22 июн барои бозпурсӣ ба назди муфаттиш даъват кардааст.
*Ташкилоти террористии мамнуъ дар қаламрави Русия