Аҳмадзода бо ноиби Рустами Эмомалӣ рушди футбол дар Суғдро баррасӣ кард

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мудири Лигаи футбол дар шимоли ҷумҳурӣ бо вазъи рушди ин навъи варзиш шинос шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси виляти Суғд бо Алишер Урунов, ноиби Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон рушди варзиш дар шимолро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар ин мулоқот ҳамчунин мудири кулли Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок дошт.
"Дар мулоқот масъалаҳои рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷалби бонувон ба футбол ва оммавигардонии ин риштаи варзиш дар вилоят баррасӣ шуд", - омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода ба раёсати ФФТ изҳор доштааст, ки рушди футбол дар минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти вилоят ба ҳисоб меравад. Раиси Суғд таъкид намудаст, ки пайваста барои фароҳам овардани шароити зарурӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.
Зикр шудааст, ки дар мавсими имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 4 даста аз вилояти Суғд дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд. Дар феҳрасти дастаҳо аз шимол дар Лигаи олӣ аз ҷумла тимҳои "Хуҷанд", "Эсхата", "Истаравшан" ва "Равшан Зафаробод" зикр гардиданд.
Анҷоми даври дигари бозиҳои Суперлигаи футзал: "Равшан" пешсаф аст
Инчунин як дастаи дигар аз вилояти Суғд - "Гулистон" дар Лигаи якуми ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Роҳбарияти ҳукумати Суғд ва Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаҳои инфрасохторию маъмурӣ, молиявию кадрии дастаҳоро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба баланд бардоштани иқтидори дастаҳо таъкид намуданд.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Рустам Хоҷаев аз мақоми сармураббии дастаи "Хуҷанд" истеъфо дод, аммо роҳбарияти вилоят онро напазируфту барои идомаи ҳамкорӣ созиш кардаанд. Аз омилҳои нофаҳмиҳо дар тими "Хуҷанд", аз ҷумла масоили молӣ гуфта мешуданд, ки ба иттилои масъулини бошгоҳ, бо мусоидати роҳбарияти мақомоти маҳаллию вилоятӣ то ҷое ҳал гардидаанд.