Қазоқистон талаби санҷиши ПСР ва шиносномаи моякӯбиро лағв кард

Қазоқистон ба далели беҳтар шудани вазъи коронавирус дар ин кишвар санҷиши ҳатмии ПСР-ро лағв намуд. Ин сабукӣ аз ҳаштуми июн ҷорӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Аз 8 июни соли ҷорӣ Қазоқистон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ талаби доштани санҷиши ПСР ё мадраки моякӯбии COVID-19-ро лағв мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати ин кишвар.

"Аз 8 июни соли ҷорӣ талаботи ҳатмӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ва хориҷиён дар бораи пешниҳоди далелҳои ҳуҷҷатии эмкунӣ ё реваксинатсия алайҳи COVID-19 бекор карда шавад", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр гардид, ки санҷиши ПСР низ лағв карда шуд. Бар асоси ин гузориш, ин тасмим бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар ва ҷаҳон гирифта шудааст.
Мақомоти Эрон: Пас аз ду соли мубориза омори фавтидаҳо аз коронавирус ба сифр расид
Илова бар ин аз 8 июн кори 12 гузаргоҳ дар қитъаҳои алоҳидаи сарҳади Қазоқистон, ки муваққатан баста шуда буданд, боз ба фаъолият оғоз мекунанд. Чунин гузаргоҳҳо дар ҳафт вилояти Қазоқистонанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Туркия, Италия ва чанд кишвари дигар санҷиши ПСР ва шаҳодатномаи ҳатмии моякӯбиро лағв намуда буданд.
Бояд зикр намуд, ки бемории коронавирус қариб дар тамоми кишварҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар Тоҷикистон аз авохири зимистон то ҳол ягон мавриди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт нагардидааст. Вале раванди ваксиназанӣ ҳамоно дар ҷумҳурӣ идома дорад.