ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Як манбаи дипломатӣ ба расонаҳо хабар додааст, ки Ҷамол Носир Ғарвол, кордори сафорати толибон дар Маскав дар 25-умин ҳамоиши иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербург (SPIEF) иштирок хоҳад кард.
Сафорат хотирнишон кард, ки то кунун иштироки ҳайати расмии Афғонистон дар ин ҳамоиш пешбинӣ нашудааст ва Вазорати умури хориҷии толибон ҳам ба гунаи расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтааст.
Аммо ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати хориҷии Русия, як ҳайате аз Утоқи бозаргонии ҳукумати толибон аз Кобул барои иштирок дар ин ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба Русия парвоз кард.
Қаблан худи Ҷамол Носир Ғарвол дар як суҳбати ихтисосӣ бо Sputnik гуфта буд, ки агар чунин имкон фароҳам шавад, ҳайати Афғонистон дар ин ҳамоиш ширкат хоҳад кард.
"Афғонистон аз равобити хуб бо Русия хушбин аст. Мо дар гузашта ҳам равобити хубе доштем, ҳоло ҳам равобити хуб дорем ва умедворем, ки Русия ба Афғонистон кумакҳояшро идома медиҳаду он боз ҳам беҳтар мешавад", - илова кард дар мусоҳибааш кордори сафорат.
Ин ҳамоиши иқтисодӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 ҳамасола баргузор мешавад.
Кордори сафорати толибон дар ҳоле дар ин нишаст ширкат мекунад, ки ҳукумати ин гурӯҳро то кунун ҳич кишваре ба расмият нашинохтааст.