Вазорати мудофиаи Русия видеои нобудсозии танкҳои украинӣ бо истифода аз гулӯлаҳои дақиқияти баланди "Краснопол"-ро нашр кард.
Бар асоси ин видео, нахуст қатори гаубитсҳои "Мста-С" ба оташкушоӣ омода мебинанд ва дар ҷангалзоре ҷой гирифта, ҳайати он дастгоҳҳоро барои паррондан омода месозад.
Мавқеи нерӯҳои украинӣ бо истифода аз бесарнишинҳо сабт гардида, бо гулӯлаҳои "Краснопол" зиреҳпӯшҳояшон нобуд гардиданд.
"Нерӯҳои украинӣ омодаи ҳамла ба минтақаҳое шуда буданд, ки идораашонро аз даст дода буданд. Баъди дарёфти додаҳои иктишофӣ дар бораи мавқеашон дастгоҳҳои "Мста-С" ба танкҳои рақиб зарба зад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар зимн раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки сухан дар бораи ғасби қаламрави Украина намеравад.