Ба омӯзгорон манзил, ба донишҷӯён хобгоҳ: бунёди Коллеҷи аграрӣ дар Вахш

Дар баробари сохтмони Коллеҷи аграрӣ дар ноҳияи Вахш барои омӯзгорон манзили истиқоматӣ ва барои донишҷӯён хобгоҳ бунёд карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Коллеҷи аграрӣ бунёд мешавад.
Коллеҷи аграрӣ дар ҷамоати деҳоти "Рӯдакӣ"-и ноҳия бунёд шуда, феълан корҳои сохтмонӣ идома доранд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, коллеҷи мазкур аз чанд бинои 4 ва 5-қабата иборат буда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

"Инчунин дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва 60 манзили истиқоматии хидматӣ барои омӯзгорон бунёд мегардад", - омадааст дар хабар.

Коллеҷ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президент бо сарфи маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.
Хобгоҳи бепул ва коҳиши маблағи таҳсил: сабукиҳо ба донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
Мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ гуфта мешавад.
Масоҳати замин барои сохтмони коллеҷ қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ошо шудан бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафар карда, бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар бинои Коллеҷи аграрӣ низ шинос шудааст.