Алви ба Раҳмон: Покистон ва Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ дар минтақа саҳм гузоштаанд

Кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, бо азму талошҳои пайгирона ду давлат метавонанд дар оянда низ дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд бирасанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Покистон Ориф Алви ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар, табрик гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз муносиботи анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст.

"Мо сатҳи робитаҳои кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем", - гуфтааст президент.

Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки бо азму талошҳои пайгирона, ду давлат метавонанд, дар оянда низ дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд бардоранд.
Писари Беназир Буҳутто вазири хориҷаи Покистон шуд
Президенти Покистон Ориф Алви гуфтааст, ки Покистон ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад ва ҷонибдори густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошад.
"Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем", - гуфтааст кишвардори Покистон.
Кишвардори Покистон мегӯяд, кишвараш ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд.