Низомиёни Украина дар бандари баҳрии Мариупол тонҳои гандум ва ҷуворимаккаро сӯзондаанд.
Дар ин бора Ян Гагин, мушовири раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Донетск хабар дода афзуд, ки талошҳо барои наҷоти анбори маҳсулоти муҳими ғизоӣ натиҷа надодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан қисми зиёди гандуму ҷуворимакка корношоям шуда, хомӯш кардани анбори ғалладонагиҳо чанд рӯз давом кард.
Хабарнигори хабаргузории РИА "Новости" ба ҷои ҳодиса омада, вазъияти феълии анборро ба навор гирифт.
Дар сабти видеоӣ дида мешавад, ки куҳҳои ғалладонагӣ нобуд шудаанд. Бӯи сӯхта ҳанӯз ҳам дар ҳаво боқӣ мондаст.
Ба гуфтаи Гагин, ба ин кор қувваҳои мусаллаҳи Украина даст задаанд, то захираи ғизо ба сокинони ҷумҳурии мардумии Донетск нарасад.
Маълум аст, ки дар сурати пур кардани анборҳо дар Мариупол онҳо метавонистанд, то 57 ҳазор тон ғалларо ғунҷонанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз хатари буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалладонагиҳо ҳушдор дода буд.
Кишварҳои ғарбӣ Русияро айбдор карданд, ки дар интиқоли ғаллаи украинӣ ба бозори ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад. Маскав қатъиян ин иттиҳомотро рад мекунад.
Мақомоти Украина худашон теъдоди зиёди монеаҳоро барои содир кардани ғалла эҷод намуданд. Дар баробари сӯзондани анбор дар Мариупол, нерӯҳои украинӣ ҳамчунин ҳудуди обҳои Баҳри сиёҳро минакорӣ кардааст, ки имкон намедиҳад, ғалла бо киштиҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол дода шавад.