Собирӣ: Теҳрону Душанбе мавзеи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбеву Теҳрон дар хусуси вазъи Афғонистон мавзеи муштараке доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, қайд кардааст, яке аз нукоте, ки дар сафари Президенти Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо Раёсати ҷумҳур, ҳам дар мулоқот бо Раёсати муҳтарами Маҷлис ва ҳам дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб матраҳ шуд, таҳаввулот ва авзоъи амниятии минтақа ба вежа кишвари ҳамсояи мо Афғонистон буд.
“Ҳар ду кишвар дар ин хусус нигарониҳои худашонро аз фаъолитҳои гурӯҳҳои террористӣ эълом карданд. Ду кишвар мавзеъи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд ва он дар аввалвият қарордодани рифоҳу осоиши мардуми азизи Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогири муташаккил аз намояндагони ҳамаи ақвому аҳзоби мавриди қабули мардуми ин кишвар аст”, - таъкид дошт сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Вай илова кард, ин мавзеъе буд, ки дар ҷараёни сафари ҷаноби оқои Раҳмон дар мулоқот бо мақомоти олии низом таъкид шуд.
Равобити иқтисодии Тоҷикистону Эрон танҳо дар ҳашт моҳи ахир чаҳор баробар афзоиш ёфт
Ҳамзамон сафир зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги Эрон аст.
“Дар ин хусус ирода ва бинои мақомоти олии ҳар ду тараф бар тавсиаи равобит аст ва касоне, ки ба ҳар далеле бихоҳанд халале дар ин равобит ворид кунанд ва тарафҳои солисе, ки дӯстдори тавсеаи равобит набошанд, бояд ин паёмро гирифта бошанд, ки наметавонанд дар ҷиҳати хилофи мақомоти олии ду кишвар кор кунанд”, - илова кард Муҳаммадтақии Собирӣ.