ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия ҳич хатаре барои Финландия ва Шветсия надошту надорад, иттилоъ дод сухангӯи раисиҷумҳури ФР Дмитрий Песков.
Ӯ изҳор дошт, ки дар зимн ин давлатҳо низ ҳич хатаре барои Русия эҷод накарда буданд.
Песков хотиррасон намуд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия адами хатар аз ҷониби Маскав барои давлатҳои мазкурро таъкид намуда буд.
Ҳамчунин мақомоти Русия изҳор доштанд, ки узвияти Шветсия ва Финландияро хатар ба мавҷудияти кишвар арзёбӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз доираҳо бархӯрди дигарро аз ҷониби Русия интизор буданд.
Дар зимн сардори пулиси амнияти Финландия изҳор дошт, ки дар пайи эълони азми кишвар барои узвият дар НАТО дар муносибот Русия "ҳеч чизе рух надодаст".
Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.
Владимир Путин изҳор дошта буд, ки даст кашидан аз сиёсати суннатии бетарафии низомии Финландия иштибоҳ хоҳад буд, зеро ба амнияти он таҳдиде вуҷуд надорад.
Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба ин паймонро ба дабири кулли НАТО супурданд.
Туркия аз оғози раванди баррасии ин дархостҳо ҷилавгирӣ кардааст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, Анқара наметавонад ба узвияти Ҳелсинки ва Стокҳолм дар ин созмон "ҳа" бигӯяд, зеро ба итминони онҳо дар бораи равобит бо намояндагони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнуъ аст, бовар намекунад.