ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Феълан беш аз 1,4 млн гуреза дар қаламрави Русия қарор доранд, хабар дод ваколатдори ҳуқуқи инсон Татяна Москалкова.
Ӯ зимни гузориш дар бораи фаъолияташ ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки таҷрибаи андӯхтаашон дар шароити пандемия феълан низ коромад шуд.
Москалкова аз ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароите гуфт, ки дар кишвар беш аз 1,4 млн гуреза паноҳ бурдаанду амалиёти низомӣ дар Украина дар пасманзари таҳримоти бесобиқа ва русбезорӣ идома дорад. Вай ҳамчунин аз кори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх изҳори нигаронӣ кард, ки иттилоъ дар мавриди ҳоли асирони русиягӣ ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар муносибат бо онҳоро ироа намекунад.
Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.
Москалкова изҳор дошт, ки беруншудаҳо аз Донбассу Украина одатан худро гуреза намегӯянд, балки бештарашон мақоми паноҳгоҳи муваққатиро мегиранд, барояшон имконияти кор медиҳад.
Интиқоли шаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо аз Украина низомиёни ФР ба даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.