Тоҷикистон воридот ва транзити партовҳои радиоактивиро дар қаламраваш манъ кард

Тоҷикистон қонунан вуруд ва транзити партовҳои радиоактивиро дар қаламраваш мамнуъ ва ҳадаф аз онро ҳифзи саломатии одамон арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Лола Одилбекова, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйироти ахир ба Қонун дар бораи "Дар бораи ҳифзи муҳити зист"-ро тавзеҳ дод.
Тағйирот ба Қонун дар бораи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз сӯйи ҳукумат пешниҳод шуда, Маҷлиси намояндагон ва ҳафтаи равон Маҷлиси миллӣ аз он ҳимоят кард, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Манбаъ аз қавли Одилбекова овардааст, ки бар асоси тағйироти қабулшуда минбаъд ворид намудани партовҳои радиактивӣ, инчунин транзити онҳо тавассути ҳудуди Тоҷикис­тон манъ карда шудааст.
Мақсад аз қабули он аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузории ҷумҳурӣ, инчунин ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мебошад, таъкид намудаст узви Маҷлиси миллӣ.
Баррасии ҳамкориҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Дар шарҳи зарурати пешниҳоди тағйирот ба қонуни мазкур, Одилбекова аз мероси замони Иттиҳоди Шӯравӣ ёд кардааст.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки миқдори зиёди партовҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъ шуда, ҳоло таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва аҳолие, ки дар шафати партовгоҳҳои боқимондаи урандор зиндагӣ мекунанд, мерасад.
"Воридоти партовҳои радиоактивии иловагӣ ба ҷумҳурӣ аз дигар кишварҳо ба заҳролудшавии муҳити зист ва таъсири манфӣ ба саломатии аҳолӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, зарурат ба ворид кардани тағйир ба қонун ба амал омадааст", - афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар шимоли Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ партовҳои радиоактивӣ боқӣ мондаанд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикони хориҷӣ талош дорад, зарарашонро ба муҳити атроф коҳиш диҳад.