"Ба ҳарфҳои Путин гӯш деҳ, на ба Зеленский": тавсияи фаронсавиҳо ба Макрон

Хонандагони як рӯзномаи машҳури Фаронса аз раисҷумҳури ин кишвар дархост намудаанд, ки ба ҳарфҳои кишвардори Украина бояд кам аҳамият дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Хонандагони рӯзномаи фаронсавии "Le Figaro" ба изҳороти раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, ки гуфтааст, Русияро набояд таҳқир кард, розӣ шуданд.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи Ouest France Макрон гуфт, Русия набояд таҳқир шавад, зеро рӯзе фаро мерасад, ки ҳамкорӣ бо он бояд аз сар гирифта шавад.
"Ба назари ман, ин дуруст аст, таҳқир кардани Русия беақл аст ва пеш аз ҳама, таҳрик додани он хеле хатарнок аст, чунон ки мо бо ҷалби Украина ба НАТО машғулем", - иброз дошт яке аз корбарони вебсайти нашрия.
"Беҳтар аст, ки бо Путин иттифоқ баст, на бо Зеленский. Ҳадди ақал чизе барои фурӯш дорад ва Фаронсаро хафа намекунад", — навиштааст корбари дигар.
Ҳамчунин Caius ном хонандаи дигар зикр намудааст: "вақти он расидааст, ки гӯш кардани Зеленскийро бас кунем ва он чизеро, ки ҳама ба назарашон мувофиқанд, анҷом диҳем".
Қаблан, хонандагони маҷаллаи фаронсавии Le Figaro талаб карданд, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, барои ҷиноят алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс муҷозот шавад.
Аксари корбарон дар шарҳҳои мақола дар бораи интиқоли системаҳои мушакии Амрико ба Киев низ гуфтаанд, ки дар муноқишаи кунунӣ маҳз Ғарб гунаҳкор аст.
Фаронсавиҳо мехоҳанд, Зеленский абадан равонаи зиндон шавад
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, Вашингтон ва муттаҳидони НАТО ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳанд.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки интиқоли силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро дароз мекунад. Маҷмӯи нави кумаки низомии ИМА чаҳор системаи муосири мушакии чандкаратаи HIMARS-ро дар бар мегирад, ки қодир аст дар масофаи то 80 километр зарба занад.
Владимир Зеленский қаблан ваъда дода буд, ки аз ин системаҳо барои зарба задан ба қаламрави Русия истифода нахоҳанд кард. Аммо, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ёдовар шуд, ки Маскав ба ҷониби Украина эътимод надорад, зеро созишномаҳои Минск низ бо айби Киев аз фаъолият монданд.