ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар марҳилаи шиддати мухолифат дар Донетск ҷониби Украина беш аз беш аз 3,5 ҳазор бор аз силоҳи вазнини ҷангӣ сӯи ҶХД шилик кардааст.
Дар ин бора мақомоти ҶХД, хабар дода, афзуд, ки тайи 109 рӯзи ташаннуҷи вазъ дар қаламрави Донетск 145 нафари мулкӣ, аз ҷумла 7 кӯдак ба ҳалокат расида, зиёда аз 700 нафар, аз ҷумла 55 кӯдак маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои мақомоти ҶХД, дар маҷмуъ 34,5 ҳазор бор нерӯҳои украинӣ аз силоҳҳои гуногун ба ҳудуди Донетск оташ кушодаанд, ки зиёда аз 3,5 ҳазор ададаш аз силоҳи вазнини ҷангӣ, аз ҷумла партоби мушакҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудаанд, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён дошт.